Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, ҳамла ба корвони мошинҳои сафири кишвар дар Сурияро маҳкум кард. Ӯ аз мақомоти Сурия даъват намуд, ки ӯҳдадориҳои худ дар робита ба дифоъ аз дипломатҳоро иҷро намояд.

Ҷонибдорони раисиҷумҳури Башор Асад дар ҳоле сӯи корвони мошинҳои сафири Амрико Роберт Форд помидор андохтанд, ки ӯ бо яке аз фаъолони мухолифини Сурия Ҳасан Абдул Азим мулоқот мекард. Ҳасан Абдул Азим гуфт, ки баъди расидани дипломати амрикоӣ тақрибан сад эътирозгар талоши ҳамла ба дасти кори ӯро карданд.

Дар ин ҳодиса ба сафир ва ва ёварони осебе нарасидааст. Ва аммо, ба навиштаи хабаргузориҳо, то расидани нерӯҳои амниятии Сурия чанд мошини корвон аз дасти издиҳом осеби ҷиддӣ диданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG