Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозо аз Литва барои ошкор кардани маҳбаси махфӣ


Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал аз мақомоти Литва хост, ки ҳақиқат дар бораи маҳбасҳои махфии Хадамоти марказии кашфи Амрико дар қаламрави Литваро ошкор кунанд.

Намояндагони ин созмони байнулмилалӣ аз изҳороти як шаҳрванди Марокаш ёд оварданд, ки ӯро бо гумони даст доштан дар терроризм дар як маҳбаси махфӣ дар Литва нигаҳ медоштанд.

Соли 2009-ум расонаҳои хабарии амрикоӣ дар бораи мавҷудияти маҳбасҳои махфии Хадамоти марказии кашфи Амрико дар қаламрави Литва, Лаҳистон ва Руминия хабар доданд.

Раисиҷумҳури вақти Литва Даля Грибаускайте инро тайид кард ва хостори идомаи таҳқиқот шуд. Ва аммо додситони кулли Литва бо далели сиррӣ буданаш таҳқиқи парвандаро қатъ кард.
XS
SM
MD
LG