Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Маҳмудӣ дар Тунис даст ба гуруснанишинӣ зад


Идомаи набардҳо барои шаҳри Сирт
Идомаи набардҳо барои шаҳри Сирт
Сарвазири пешини Либия Бағдодӣ Алӣ Ал-Маҳмудӣ, ки айни ҳол дар Тунис ба сар мебарад, рӯзи панҷшанбе ба нишони эътироз алайҳи тақозои ҳукумати нави Либия барои истирдоди ӯ ба Троблус даст ба гуруснанишинӣ зад. Дар Либия алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Охирҳои моҳи август Ал-Маҳмудӣ ба Тунис фирор кард. Он ҷо ӯ дар марзшиканӣ айбдор ва аммо баъдан сафед карда шуд.

Дар ҳамин ҳол нерӯҳои Шӯрои миллии гузори Либия фурудгоҳи шаҳри Сирт, зодгоҳи раҳбари суқуткарда Муаммар Қаззофиро таҳти назорат қарор доданд ва аммо бахши аъзами шаҳр то ҳанӯз таҳти назорати ҷонибдорони Қаззофист.

Аз ин пештар Интерпол, бо дархости ҳукумати нави Либия, дар бораи боздошти Саъдӣ, яке аз фарзандони Қаззофӣ, дастур содир кард.
XS
SM
MD
LG