Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши мошина минагузоришуда дар Ҳирот ҷони се нафарро гирифт


Тибқи гузоришҳо аз Афғонистон имрӯз бар асари таркиши минаи идорашвандаи дохили мошине, ки ба сӯи фурудгоҳ равон буд, се нафар, аз ҷумла ду хонуми ходими полис кушта шуданд. Ин ҳодиса дар шаҳри Ҳирот рух дод. Дар натиҷаи таркиш инчунин даҳ нафар, аз ҷумла афсарони полис ва мардуми мулкӣ ҷароҳат бардоштанд. Бар тибқи гузориши нави СММ, хушунатҳои Афғонистон афзоиш ёфта, назар ба дар ҳашт моҳи соли гузашта имсол 40 дар сад афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG