Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Душанбе аз Фаластин. Бар фоидаи Эрон, бар зиёни ИМА?


Таҳлилгарон мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба шомил шудани Фаластин ба узвияти СММ одилона меҳисобанд.

Таҳлилгарону сиёсатшиносони тоҷик мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба шомил шудани Фаластин ба узвияти Созмони Милал одилона ҳисобида ва таъкид мекунанд, ки агар Тоҷикистон аз Фаластин пуштибонӣ накунад, обрӯи байнулмилалии худро мебозад.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода:
Баъзе аз масоили ақидатӣ ва пиринсипие ҳаст, ки ҳар давлати мустақил новобаста аз таъсиругзории хориҷа бояд мавқеи дурусти худро баён дорад...


Ахиран вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар суханрониаш дар Маҷмаи умумии СММ хостори ҳалли фарогир ва ҳарчӣ зудтари низои Ховари Миёна шуд. Ӯ аз ҷумла гуфт: "Тоҷикистон аз азми давлати Фаластин барои касби ҷойгоҳи шоистаи худ дар Созмони Милал ба ҳайси узви комилҳуқуқи ин созмон ҳимоят мекунад."

Ин дар ҳолест, ки Шӯрои Амнияти СММ дар аввалин иқдоми расмии худ дар мавриди дархости фаластиниён барои касби курсии расмӣ дар СММ бо аксарияти оро мувафиқат кард, то ин дархостро ҷиҳати арзёбӣ ба кумита таҳвил диҳад. Қарор аст, аъзои ин кумита рӯзи ҷумъаи 30-юми сентябр ҷаласа баргузор кунанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00
Линки мустақим



ВАЗИРИ ХОРИҶА ДУРУСТ КАРД, КИ...

Шодӣ ШАБДОЛОВ
Шодӣ Шабдолов, узви порлумон ва раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, гуфт, Тоҷикистон як кишвари мустақил аст ва тасмими он бар зарар ва ё манфиати кишвари дигаре нест. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, дар чунин мавзеъгирии Тоҷикистон кадом бозии сиёсӣ дида намешавад.

Ӯ афзуд: "Ин ҷо сухан аз бозию бозигарӣ намеравад. Ин масъала як саратони Осиё мебошад. Вазири хориҷаи Тоҷикистон дуруст гузориш додааст, агар Тоҷикистон аз Фаластин дар амри пайвастан ба Созмони милал ҳимоят накунад, обрӯи байнулмилалии Тоҷикистон мерезад."

АМРИКО АЗ ДУШАНБЕ ЧӢ ХОСТ?


Ба фикри бархе аз соҳибназарон дар дипломатияи ҷаҳон усулҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди "фишорҳо" бояд ҳар кишвар дар робита ба масоили байнулмилалӣ мавқеи худро дақиқ баён дорад. Ба навиштаи баъзе аз расонаҳо гӯиё ҷониби Амрико ба таври ғайрирасмӣ аз мақомҳои тоҷик хостаанд, ки дар мавриди Фаластин мавқеи худро таҷдиди назар кунанд, аммо тавре маълум аст Тоҷикистон мавқеи худро дигар накардааст.

Ҳоҷӣ Акбар ТӮРАҶОНЗОДА
Пас, оё бо чунин мавзеъгирӣ, Тоҷикистон муносибати худро бо Амрико ба унвони кишвари кӯмаккунандаи иқтисодӣ хира нахоҳад кард? Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, сиёсатмадору рӯҳонии саршиноси тоҷик мегӯяд, агар дипломатияи Тоҷикистон ин мавқеъро интихоб карда бошад, шоёни таҳсин аст. Вай меафзояд: "Баъзе аз масоили ақидатӣ ва пиринсипие ҳаст, ки ҳар давлати мустақил новобаста аз таъсиругзории хориҷа бояд мавқеи дурусти худро баён дорад. Агар Тоҷикистон барои маблағи кӯмаки Амрико шуда аз ҳақиқат даст кашад, Худо нахоставу Тоҷикистон ба ҳамин рӯз гирифтор шавад, ҳеҷ кишваре аз мо пуштибонӣ нахоҳад кард."

ТОҶИКИСТОН -- ТАҲТИ ТАЪСИРИ ЭРОН?


Аммо раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон -- Абдулғанӣ Муҳаммадазимов бар ин аст, ки имкон дорад дар чунин вазъ Тоҷикистон таҳти таъсири сиёсати хориҷаи Эрон мондаву чунин мавзеъгирӣ карда бошад. Лекин ҷаноби Муҳаммадазимов меафзояд, ҳарчанд Эрон дар сиёсати хориҷаи Тоҷикистон таъсиргузор бошад ҳам, вале ҳалкунанда нест.

Абдулғанӣ МУҲАММАДАЗИМОВ
Аз ин рӯ, ба бовари ин сиёсатшиноси тоҷик, ҳукумати Тоҷикистон бояд манофеи давлати худро дар қадами аввал бигузорад: "Имкон дорад дар чунин вазъият мавқеи Эрон дар мавриди Фаластин болои сиёсати хориҷаи Тоҷикистон таъсир гузошта бошад. Агар таъсиргузор ҳам бошад, ҳалкунанда ва ниҳоӣ нест. Аз ин рӯ, Тоҷикистон бояд дар мадди аввал манфиати миллӣ ва баъд ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳамаи кишварҳо дошта бошад."

"МАВЗЕЪГИРИИ МАНТИҚӢ"


Бархеи дигар аз сиёсатмадорон ва таҳлилгарони тоҷик бар инанд, ки то кунун беш аз 130 кишвари ҷаҳон мавқеи худро дар масъалаи шомил шудани Фаластин ба узвияти Созмони Миллали Мутаҳид рӯшан кардаанд, ки баъзеи аз ин кишварҳо ҳамшарики Амирко ва узви НАТО мебошанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ Вашингтон муносибати худро бо онҳо намехоҳад хароб кунад.

Аз ҷумла, Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ин ҳарфҳо нодуруст аст, ки гӯиё Иёлоти Мутаҳида бо ҳар кишваре, ки аз мавқеи он пуштибонӣ накунад, ёриҳояшро зуд қатъ месозад. Балки ба гуфтаи ӯ, муҳимтар ин аст, ки Тоҷикистон ба унвони кишвари мустақил дар сиёсатҳои бузург мавзеъгирии мантиқӣ дошта бошад.
XS
SM
MD
LG