Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон ба Қирғизистон газро бо қимати пасттар назар ба Ӯзбакистон мефурӯшад


Омурбек Бабанов, иҷрокунандаи вазифаи муовини нахуствазири Қирғизистон гуфт, ки Қазоқистони ҳамсоя розӣ шуд, ки барои ҳамсояааш газро бо қимати ба маротиб камтар назар ба Ӯзбакистон фурӯшад. Бабанов гуфт, Қазоқистон розӣ шудааст, ки ҳазор метри мукааб газро ба Қирғизистон на бар ивази 305 доллар мисли Ӯзбакистон, балки бо қимати 195 доллари амрикоӣ фурӯшад. Вай афзуд, ки бар тибқи созиши нав, Қазоқистон ба Қирғизистон соле 240 миллион метри кубӣ газ пешкаш мекунад. Дар ояндаи начандон дур, гуфт ӯ, хароҷоти сокинони Қирғизистон барои истифоади газ ба маротиб коҳиш меёбад.
XS
SM
MD
LG