Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон бо тавсеаи бунёди кӯмакҳои изтирории Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат кард


Маҷлисии поёнии парлумони Олмон имрӯз бо бахшиши салоҳияти бештар ба Муассисаи аврупоии эътидоли молӣ, як бунёди кӯмакҳои изтирории Иттиҳодияи Аврупо барои кӯмак ба давлатҳои дучори мушклиоти молӣ мувофиқат кард. Бо ин вуҷуд, ки мухолифин таҳдиди адами ширкат дар овоздиҳиро карданд, пешниҳоди Меркел, ки метавонист зарбае ба обурӯяш занад, пуштибонии парлумонро ба даст овард. Волфганг Тиерсе, муовини раҳбари Бундестаг натиҷаҳои овоздиҳиро чунин эълон кард:

"Шумори овозҳо дар маҷмӯъ 611 адад аст. Ба ҷонибдории ин барнома 523 нафар ва муқобили он 85 нафар овоз доданд. Се нафар худдорӣ карданд. Бинобар ин, тарҳи қонун қабул шуд".

Бино ба қарори қабулшуда, 440 миллиард евро пул ба бунёди кӯмакҳои изтирории Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла барои мусоидат ба кишварҳои дучори мушкилшуда, харидани қарзҳои бонкҳо ва ироаи қарз ба ҳукуматҳо барои ҳалли зудҳангоми бӯҳрони иқтисодиашон пешкаш мешаванд. Меркел дар миёни раҳбарони аввали аврупоӣ аст, ки барои таъсиси чунин як хазинаи кӯмак ташвиқот бурдааст. Ин тасмимро бояд фардо маҷлиси болоии парлумони Олмон ҳам бипазирад.
XS
SM
MD
LG