Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия ИМА-ро дар ангезиши хушунат айбдор кард


Сурия ИМА-ро барои ангезиши хушунат алайҳи нирӯҳои амниятӣ айбдор карда таҳдид кард, ки зидди мудохилаи беруна ба умури дохилии ин кишвар муқобила хоҳад кард. Дар изҳороти Вазорати умури хориҷа гуфта мешавад, ки ишораҳои мақомоти амрикоӣ далели ин аст, ки “ИМА гурӯҳҳои мусаллаҳоро барои ҳамла ба Артиши араби Сурия ташвиқ кардааст”. Ин гузориш дар ҳолест, ки тарафдорони президенти Сурия Башор Асад тибқи гузоришҳо ба ҷониби сафири Амрико Роберт Форд ба ҳангоми мулоқоти вай бо намояндаи мухолифин Ҳасан Абдулазим дар Димишқ сангу помидор партофтаанд. Тибқи гузоришҳо, дипломати амрикоӣ дар дохили сохтмоне банд мондааст. Моҳи июл тарафдорони Асад ба сохтмони сафорати ИМА дар Димишқ ҳамла карданд.
XS
SM
MD
LG