Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон бо тавсеаи салоҳиятҳои бунёди кӯмакрасони зиддибӯҳронӣ мувофиқат кард


Маҷлисии поёнии парлумони Олмон имрӯз бо бахшиши салоҳияти бештар ба Муассисаи аврупоии эътидоли молӣ, як бунёди кӯмакҳои изтирории Иттиҳодияи Аврупо барои кӯмак ба давлатҳои дучори мушклиоти молӣ мувофиқат кард. Овоздиҳии имрӯзаро, ки чун имтиҳони ҷиддии ҳукумати садри аъзам Ангела Меркел арзёбӣ мешавад, 523 вакили маҷлис пуштибонӣ карданд. Бино ба қарори қабулшуда, 440 миллиард евро пул ба бунёди кӯмакҳои изтирории Иттиҳодияи Аврупо бахшида мешавад. Ин пулҳо барои мусоидат ба кишварҳои дучори мушкилшуда, харидани қарзҳои бонкҳо ва ироаи қарз ба ҳукуматҳо барои ҳалли зудҳангоми бӯҳрони иқтисодиашон пешкаш мешаванд. Меркел дар миёни раҳбарони аввали аврупоӣ аст, ки барои таъсиси чунин як хазинаи кӯмак ташвиқот бурдааст. Чунин иқдом бояд аз ҷониби 17 давлати таҳти нуфузи Евро гирифта шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG