Пайвандҳои дастрасӣ

Қиморхонаҳои Қирғизистон ба минтақаи дур аз марказ кӯчонда мешаванд


Эътироз аз басташавии казиноҳо дар шаҳри Бишкек

Эътироз аз басташавии казиноҳо дар шаҳри Бишкек

Дар Қирғизистон да чаҳорчӯби қонуни нави баҳсбаренгезе тамоми қиморхонаҳои кишвар ба манотиқи дур аз пойтахт кӯчонда мешаванд. Бар тибқи иттилои бахши қирғизии радиои Озодӣ, бар хилофи эътирози мардуми зиёд ва кормандони қиморхонаҳо дар Ӯшу Ҷалолобод ва Бишкек, имрӯз дар ин замина парлумон қароре қабул кард. Ҳама казино ё қиморхонаҳои кишвар бояд то 1 январи соли 2012 баста шаванд. Дар ҳоле, ки ҳанӯз маҳалли сохтмони қиморхонаҳо дар оянда мушаххас нест, бар тибқи баъзе тахминҳо, эҳтимол меравад, ки қарори ҳукумат марбут ба вилояти Боткани ҳаммарз бо Тоҷикистон шавад.
XS
SM
MD
LG