Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Nokia ихтисор мешавад, вале ҳамоно дар фикри мақоми аввали бозор аст


Ширкати финландии Nokia, ки азимтарин тавлидкунандаи телефонҳои мобил дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, мегӯяд, 3500 ҷойи кориашро ихтисор мекунад. Зарбаи асосӣ болои корхонаи тоза бозшудаи ин ширкат дар Руминия меафтад. Бо басташавии корхонаи нави Nokia 2200 нафар аз ҷойҳои кории худ маҳрум мешаванд. Ин корхона соли 2008 таъсис шуда буд. 1300 ҷои дигари корӣ аз ҳисоби ихтисорҳо дар Олмон, ИМА ва Финландия ҳосил мешаванд. Ширкат мегӯяд, ки инчунин ният дорад фаъолияти дарозмуддати корхонаҳояшро дар Финландия, Маҷористон ва Мексика бознигарӣ кунад. Nokia мехоҳад, ки аз нав мақоми аввалро дар бозори истеҳсоли телефонҳои мобил барқарор карда бо ин ният дар оғози соли ҷорӣ қарордодеро бо ширкати азими тавлидкунандаи нармафзорҳо Microsoft барои истифодаи системаи Windows имзо кардааст.
XS
SM
MD
LG