Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи телефонии Барак Обама ва Ислом Каримов


Президенти Амрико ва ҳамтои узбаки ӯ дар сӯҳбати телефонӣ равобити миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Бино бар иттилои Кохи Сафед, ин гуфтугӯ рӯзи 28-уми сентябр бо ташаббуси Обама ба вуқӯъ пайваста, ду раҳбар дар ҷараёни он гуфтаанд, талошҳоро барои бунёд гузоштан ба “ҳамкории густарда” идома хоҳанд дод.

Обама ва Каримов гуфтаанд, “хостори рушди муносибатҳои чандҷиҳата байни Иёлоти Муттаҳида ва Узбакистонанд, аз ҷумла таҳкими тамосҳо байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусии Амрико ва Узбакистон.”

Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта мешавад, президенти Иёлоти Муттаҳида Барак Обама гуфтааст, кишвараш мехоҳад, Узбакистонро ба ҳайси як кишвари бештар аз ин амн бинад ва пешбурди демократия аз ҳамин мақсад ҳимоят мекунад.

Ду президент ҳамчунин гуфтаанд, онҳо “дар пуштибонӣ аз Афғонистони босубот, амн ва шукуфон ҳамназаранд” ва кӯшишҳои муштаракро дар ин бобат баррасӣ кардаанд. Сӯҳбати онҳо аз табрики Обама ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолияти Узбакистон шурӯъ шудааст.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Узбакистон дар бораи ин сӯҳбати телефонӣ хабар дода ва гуфтааст: “Президенти ИМА ба дастовардҳои Узбакистон дар 20 соли истиқлолияташ баҳои баланд дод ва ба аҳамияти калидии он дар таъмини амният ва субот дар минтақа таъкид кард.”

Дар торнамои раҳбари Узбакистон омадааст: “Президент Барак Обама аз номи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида аз Узбакистон барои мусоадаташ ба ҳалли масъалаи Афғонистон ва кӯмак ба бозсозии Афғонистон сипосгузорӣ кард.”

Ин дар ҳолест, ки Узбакистон рӯзи 1-уми сентябр аз ин солгард таҷлил кард ва гуфтугӯ рӯзи 28-уми сентябр ба вуқӯъ пайвастааст. Пеш аз ин сӯҳбати телефонӣ, рӯзи 22-юми сентябр бо дархости ҳукумати Обама Кумитаи молияии Сенати Амрико ба лағви таҳрими фурӯши силоҳ ба Узбакистон ризоият дод. Ин таҳримҳо дар соли 2004 зимни нақзи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон эълон шудаанд. Аз он вақт то ҳоло дар мурооти ҳуқуқи инсон дар Узбакистон тағйири муҳиме ба амал наомадааст.

Муносибати Амрико ба Узбакистон баъд аз саркӯби хунини тазоҳуркунандагон дар Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 ба сардӣ гароид ва Тошканд хуруҷи пойгоҳи ҳарбии Иёлоти Муттаҳидаро аз Хонободи Узбакистон талаб кард. Пас аз хуруҷи ин пойгоҳ равобити байни Иёлоти Муттаҳида ва Узбакистон ба таври номуназзам ва пароканда ҷараён меёфт.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз лағви таҳрими зидди Узбакистон интиқод карданд. Дар рӯзи гуфтугӯи телефонии Обама бо Каримов дар назди биное дар Вашингтон, ки бизнес-форуми Амрико ва Узбакистон ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва мухолифони узбак як тазоҳурот баргузор карданд.
XS
SM
MD
LG