Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Гузоришҳо аз Яман ҳокист, ки имрӯз дар пойтахт шаҳри Санъо миёни нирӯҳои вафодор ба президент Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ва гурӯҳҳои дигарандеш задухӯрде бархостааст. Шоҳидон мегӯянд, ки тирандозӣ дар шимоли шаҳр дар миёни нирӯҳои инқилобии ҳукуматӣ ба раҳбарии Аҳмад, писари президент ва сарбозони вафодор ба генерал Алӣ Мӯҳсин Ал-Аҳмар сар зад, ки ба мухолифин пайвастааст. Инчунин хабарҳо дар бораи таркишҳо дар назди кохи раёсатҷумҳурӣ ба гӯш мерасанд.
Бозгашти Солеҳ аз муолиҷаи тиббии хориҷӣ ҳафтае пеш дубора боиси шурӯи нооромиҳову норизоиятҳои мардумӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG