Пайвандҳои дастрасӣ

Касе ҳаст, ба Рухшона кӯмак кунад?


Ҳакимзода Рухшонаи Мустафохон

Ҳакимзода Рухшонаи Мустафохон

Ҳакимзода Рухшонаи Мустафохон, ки ҳамагӣ 21-сола аст, барои пайванди гурда ба кӯмаки ҳамватанон ниёз дорад.

Вай аз даврони тифлӣ гирифтори бемории санги гурда ва пешобдон буда, ахиран ин беморияш авҷ гирифтааст.

Ӯ танҳо духтари хонадон аст, ки волидонаш барои сиҳатии ӯ ҳама чизи доштаи худро сарф карда ва имрӯз аз ҳамватанону саховатмандон мехоҳанд, ки дасти кӯмаки хӯдро ба онҳо дароз кунанд, то тавонанд, духтари ҷавони худро наҷот бидиҳанд.

Дар хонаводаи Рухшона танҳо падараш кор мекунад. Илова ба ин дар тарбияи худ Фотима ва Зӯҳрои 2-солаву ҳаштмоҳаро доранд, ки онҳоро ба фарзандхондагӣ гирифтаанд.

Майрам Ҳакимова, модари Рухшона мегӯяд, духтараш чандин ҷарроҳиро аз сар гузаронида, дар ин муддат мактаби миёнаро хатм ва ба Коллеҷи тиббӣ шомил шудааст. Ҳоло ӯ хатмкардаи соли дувуми ин коллеҷ аст.

Ҳакимзода Рухшонаи Мустафохон ва Фотимаву Зӯҳро
Вале баҳори имсол бемории Рухшона авҷ гирифт ва ӯ аввал дар шӯъбаи эҳё ва сипас дар шӯъбаи бемориҳои гурда дар Бемористони клиникии рақами 5-и Душанбе бистарӣ шуд. Пас аз ташхис табибон бемории Рухшонаро ин гуна хулоса намудаанд: “Норасоии музмини гурдаҳо, гломерулонефрити музмин дар марҳилаи интиҳоӣ, пучшавии гурдаи рост, Анемияи Брайт”

Модари Рухшона омода шуд, як гурдаи худро ба духтараш бидиҳад. Барои ҷарроҳии пайванди гурда онҳо ба Машҳади Эрон сафар карданд. Вале табибон пешниҳод модарро рад кардаанд, зеро ба гуфтаи онҳо, худи холаи Майрам 53 сол дошта, маъюби гурӯҳи севум аст.

Харидории гурдаи донорӣ ва пайванди он барои Рухшона маблағи зиёдеро талаб мекунад, ки аҳли хонаводааш имкони пардохти онро надоранд ва ҳоло чашм ба кӯмаки ҳамватанони худ дӯхтаанд.

Телефонҳо барои тамос:

(+992 37) 238 50 75; (+992) 98 583 54 38; 919 00 06 57

E-mail: hakimov_1957@mail.ru
Skype: mustafo1957

Ҳисоби бонкӣ:

Бо сомонӣ


ПОЛУЧАТЕЛЬ (Ф.И.О ДЕРЖАТЕЛЯ КАРТЫ)

ХАКИМЗОДА РУХШОНАИ МУСТАФОХОН

СЧЕТ ПОЛУЧАТЕЛЯ

20216972190000000022

БАНК ПОЛУЧАТЕЛЯ

ОПЕРУ ОАО «АГРОИНВЕСТБАНК»

АДРЕС

ТАДЖИКИСТАН, г.ДУШАНБЕ, 734018, СААДИ ШЕРОЗИ, 21

КОРР/СЧЕТ

20402972714031

БИК

350101403

ИНН

040000053

НАЗНАЧЕНИЕ ПЛАТЕЖА

ПОПОЛНЕНИЕ КАРТСЧЕТА:

20216972614770182993


Бо доллар

BENEFICIARY (CARDHOLDER'S NAME)

KHAKIMZODA RUKHSHONAI

ACCOUNT IN AGROINVESTBANK

24606840590000000043

BANK BENEFICIARY

OJSC AGROINVESTBANK

ADRESS

DUSHANBE, 21, SHEROZI AVENUE, TAJIKISTAN

SWIFT

AGIBTJ22

ACCOUNT IN CITIBANK

3625-3384

CORRESPONDENT BANK

CITIBANK N.A

ADRESS

399, PARK AVENUE, NEW YORK, 10043, USA

SWIFT

CITIUS33

DATAILS OF PAYMENT

PAY TO ACCOUNT:

202216972614770182993

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG