Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи табибон дар Баҳрайн ба зиндон андохта шуданд


Додгоҳе дар Баҳрайн 20 табибро бо иттиҳоми кӯшиши табдили қудрат ва барагехтани адовати қавмӣ ба мӯҳлати то 15 сол равонаи зиндон кард. Як додгоҳи вижаи амниятӣ инчунин як эътирозгарро барои куштори ходими полис ба марг маҳкум кард. Гуноҳи табибон ин аст, ки эътирозгарони маҷрӯҳшудаи норозӣ аз ҳукумати суннимазҳаби Баҳрайнро дар оғози соли ҷорӣ, ки талаби додани ҳақи бештар ба аққалияти шиаёни кишвар пеш гузоштанд, муолиҷа карданд. Дирӯз додгоҳе дар Баҳрайн ҳукми абади зиндони ҳашт фаъоли шиамазҳабро бетағйир гузошт, ки дар эътирозҳои зиддиҳукуматӣ нақши муҳим бозидаанд. 13 нафари дигар то 15 сол равонаи зиндон шуданд.
XS
SM
MD
LG