Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришҳо мегӯянд, ҳукми шаллоқи зани ронанда дар Саъудӣ бекор шуд


Тибқи гузоришҳо, шоҳи Саъудӣ Абдулло ҳукми 10 зарбаи шаллоқро нисбати зане, ки қонунро вайрон карда сари чанбари мошин нишастааст, бекор кард. Дар бораи ин ҳукм шоҳзодахонум Амира Ат-Тавил, ҳамсари шоҳзодаи миллиардер Алоуддин Бин Талол ва ҳамчунин хабаргузории Associated Press хабар дод. Додгоҳи шаҳри Ҷидда ҳафтаи ҷорӣ ҳукм кард, ки хонум Шаймо Ҷастайна барои вайрон кардани қонуни манъкунандаи ронандагии бонувон дар моҳи июл бояд ба 10 зарбаи шаллоқ маҳкум шавад. Хабари мазкур дафъатан баъди хабари он пахш шуд, ки шоҳ Абдулло эълон кард, ки занҳо ҳақ пайдо мекунанд, ки аз соли 2015 дар интихоботи маҳаллӣ иштирок кунанд. Арабистони Саъудӣ танҳо кишварест, ки ронандагии мошинро барои занҳои ҳам маҳаллӣ ва ҳам хориҷӣ манъ мекунад.
XS
SM
MD
LG