Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Покистон раҳбарони сиёсии кишварро ба ҳам овард


Раҳбарони сиёсии Покистон имрӯз дар як мулоқоти чандҷониба масъалаи интиқодҳои ИМА аз сиёсати Исломободро дар муқобила бо шӯришиён баррасӣ мекунанд. Дафтари нахуствазир Юсуфризо Гелонӣ гуфт, ки дар поёни нишаст дидгоҳи муштараки ҷонибҳо ба амнияти миллии кишвар тасвиб хоҳад шуд. Дар нишасти мазкур раҳбари оппозисиюн Навоз Шариф ва раҳбарони дигар нирӯҳо, аз ҷумла гурӯҳҳои ҷонибдори Толибон, ба мисли рӯҳонии маъруф Фазл-ур-Раҳмон ширкат мекунанд. Аз миёни намояндагони ҳукумат, мақомоти баландпояи низомӣ, ба мисли раҳбари артиш Ашфақ Каёнӣ ва раҳбари хадамоти ҷосусии Покистон Аҳмад Шуҷоъ Пошо низ дар ин нишаст ҳозир хоҳанд шуд. Нишаст дар шароите баргузор мешавад, ки ба қавли Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бояд охирин тасмимашро дар робита бо ворид кардани исми шабакаи рӯ ба Толибони Ҳаққонӣ ба феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ бигирад.
XS
SM
MD
LG