Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни нави матбуоти Қазоқистонро палатаи болоии парлумон тасвиб кард


Палатаи болоии парлумони Қазоқистон бо тағйироту иловаҳо ба қонуни дини кишвар мувофиқат кард, ки тадбирҳои маҳдудкунандаи сабтиноми созмонҳои мазҳабиро ҷорӣ мекунад. Бар тибқи қонуни навшуда, ҳама созмону гурӯҳҳои мазҳабии амалкунанда дар Қазоқистон бояд пароканда шуда аз нав сабти ном шаванд. Дар асл, ин чора барои аз байн бурдани гурӯҳҳои хурди мазҳабӣ татбиқ мешавад. 21 сентябр тарҳи қонуни нав аз ҷониби палатаи поёнии парлумони Қазоқистон қабул шуда буд. Тарҳи нави қонун дар назар мегирад, ки сохтмони ибодатгоҳҳои нав ва ҳам макони таҳсили мазҳабии ҷавонон бояд бо иҷозаи мақомот танзим шавад. Ҳамчунин қонуни нав намозхониро дар маконҳои корӣ манъ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG