Пайвандҳои дастрасӣ

Русия – ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии тирандозии ИДМ


Мусобиқаи қаҳрамонии тирандозии ДОСААФ-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Хуҷанд тӯли панҷ рӯз идома кард, бо пирӯзии дастаи мунтахаби Русия поён ёфт.

Шариф Азизов, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба «Озодӣ» гуфт, дар ин мусобиқа, ки барои бори севум дар Тоҷикистон баргузор шуд, 47 варзишгар (31 мард ва 16 зан) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ширкаткунандагони мусобиқа дар тирандозӣ аз милтиқи пневматикӣ ва таппонча ба масофаҳои 10, 25 ва 50 метр қувваозмоӣ карданд.

Дар ҳисоби дастаӣ тими Тоҷикистон пас аз Русия ва Қирғизистон мақоми севумро касб кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Сергей Черняховский (Русия), ки дар машқҳои мухталиф ду медали тилло ба даст овард, ғолиб шуд.

Дар байни варзишгарони Тоҷикистон устоди дараҷаи байналмилалӣ Сурайё Ҷумъаева натиҷаи беҳтарин нишон дод ва бо як медали тилло ва як нишони биринҷӣ сарфароз гашт.

Ба гуфтаи Шариф Азизов ин мусобиқа барои беҳтарин тирандозони кишвар – Сергей Бабиков ва Георгий Багдасаров як навъ санҷише буд қабл аз Ҷоми Осиё, ки моҳи октябр дар Кувайт доир хоҳад шуд. Онҳо баъдан дар Қатар барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG