Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон хостори 16 сол маҳкумияти Исмоилов шуд


Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик, ки барои танқиди як гурӯҳи мақомдорони ноҳияи Ашт даҳ моҳ қабл боздошт шуда, мунтазири ҳукми додгоҳ аст...
Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик, ки барои танқиди як гурӯҳи мақомдорони ноҳияи Ашт даҳ моҳ қабл боздошт шуда, мунтазири ҳукми додгоҳ аст...

Мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов рӯзи душанбе, 3-юми октябр, идома хоҳад кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки дар баррасии парвандаи Исмоилов дар Хуҷанд иштирок дошт, хабар дод.

Вай гуфт, намояндаи додситонӣ аз додгоҳ дархости 16 соли зиндон барои Муҳаммадюсуф Исмоиловро намуда, вале ҳамзамон бо таваҷҷӯҳ ба қонуни афв гуфтааст, додгоҳ ду сол камтар, яъне 14 сол барои ин хабарнигори тоҷик ҳукми зиндон содир намояд.

Муҳаббат Ҷӯраева -- вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояти ӯ бояд комилан сафед карда шавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, айби Муҳаммадюсуф Исмоилов исботи худро наёфта ва ӯ тӯли тақрибан даҳ моҳи ахир дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
Линки мустақим


Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки дар мурофиаи додгоҳии Исмоилов иштирок дошт, мегӯяд, ки вазъи сиҳҳатии ӯ нигаронкунанда аст. Вай ҳамчунин парвандаи ин хабарнигори тоҷикро "фармоишӣ" хонд...
Хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ", ки беш аз 10 моҳ боз дар зиндон ба сар мебарад, дар тӯҳмату таҳқир ва ангезиши эҳсосоти маҳалгароёна айбдор мешавад.

Ба гуфтаи вакили мудофеи айбдоршаванда Муҳаббат Ҷӯраева, дар ҷараёни бозбинии додгоҳии парванда иттиҳомоти асосии алайҳи нафари таҳти ҳимояташ -- "тамаъҷӯӣ" ва "маҳалгароӣ" исбот нашудааст.

Сипас, моҳи июни соли ҷорӣ бо дархости вакили мудофеъ ҷиҳати ташхиси забоншиносии мақолаҳои Исмоилов парвандаи вай ба Фарҳангистони улум ва сипас ба Кумитаи забон ирсол шуда, ин кумита мавҷудияти таҳқири мансабдори давлатиро дар навиштаҳои Исмоилов тасдиқ кард. Вакили дифоъ эътироз дорад, ки ташхис аз тарафи ниҳоди бетараф ҷараён нагирифта, Кумитаи забон як ниҳоди ҳукуматӣ мебошад.

Боздошти хабарнигори "Нури зиндагӣ" вокуниши густардаеро дар байни рӯзноманигорони Тоҷикистон ва ҷаҳон ба дунбол дошта, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи вай назорат мешавад. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, созмони "Хабарнигорони бидуни марз" ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) боздошти хабарнигорро таҳаммулнопазирии мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номида ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.
XS
SM
MD
LG