Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Тошканд


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2012 байни футболбозони то 16-сола дар шаҳри Тошканд ширкат хоҳад кард.

Футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “С” бо тимҳои мунтахаби Баҳрайн, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Узбакистон бозӣ мекунанд.

Дастаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Чикаши Сузуки, мутахассиси ҷопонӣ, барои дарёфти роҳхат ба даври ниҳоӣ мубориза мебарад. Сабқати гурӯҳи “С” то рӯзи 9-уми октябр идома хоҳад кард.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи "С" дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2012 (U-16):

1-уми октябр. Баҳрайн – Тоҷикистон, Ҳиндустон - Қирғизистон.

3-юми октябр. Қирғизистон– Узбакистон, Ҳиндустон - Баҳрайн.

5-уми октябр. Узбакистон – Ҳиндустон, Тоҷикистон - Қирғизистон.

7-уми октябр. Тоҷикистон– Ҳиндустон, Баҳрайн - Узбакистон.

9-уми октябр. Қирғизистон – Баҳрайн, Узбакистон - Тоҷикистон.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо – Дилшод Дадабоев («ГОК»), Муродулло Саидов («Барқ»), Равшан Содиров («Кӯктош»).

Ҳимоятгарон – Зокир Иброҳимов («Кӯктош»), Фирдавс Чақалов («Истиқлол»), Анвар Ҳамроқулов , Хайём Гургалиев (ҳарду - «Вахш»), Самандари Хайриддин, Алишери Ҳотам, Раҳматулло Ёқубов (ҳарсе - «Сабо»), Алишер Ҷӯраев («Энергетик»).

Нимҳимоятгарон – Мармар Зоиров (капитан, «Энергетик»), Вайсиддин Сафаров («Барқ»), Эраҷ Давлатов («Кӯктош»), Насимҷон Маҳмадқулов («Саройкамар»), Раҳматулло Раҳматуллоев («Истиқлол»), Бобомирзо Баротов («Сабо»), Амирбек Ҷӯрабоев (ССКА, Маскав), Самир Султонов («Ҳулбук»).

Ҳамлагарон – Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Далер Умаров («Вахш»), Сиёвуш Мӯҳсинов («Локомотив»), Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»).
XS
SM
MD
LG