Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон"


Дар маркази "Исмоилия"-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси намояндагии Бунёди Фридрих Эберт дар Тоҷикистон конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи амнияту субот дар Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ ба раҳбарии Амрико аз Афғонистон оғоз шуд. Дар ин конфронс коршиносон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, Амрико, Русия, Афғонистон ва Покистон иштирок доранд. "Эҳтимоли даст ёфтан ба сулҳ дар Афғонистон", "Таъсири ҳаракати Толибон ба амният дар Осиёи Марказӣ", "Таъсири абарқудратҳо ба вазъ дар Афғонистон" аз ҷумлаи мавзӯъҳои баҳс дар ин конфронсанд.
XS
SM
MD
LG