Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории шаш мансабдор дар робита ба қочоқи бензин


Дар робита ба қочоқи бензини русӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон 6 мансабдор аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

Дар робита ба қочоқи бензини русӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон то кунун шаш мансабдори ин кишвар аз мақомҳои худ барканор шудаанд, ки дар миёни онҳо раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон низ будааст.

Мақомоти қирғиз мегӯянд, дар тӯли се моҳи ахир аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҳудуди 700 ҳазор тонна маводи сӯхт ғайриқонунӣ оварда шудааст. Илова ба ин, тақрибан чаҳорсад ҳазор тонна маводи сӯхти қочоқиро дар марз кормандони гумрук боздошт кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки як ҳафта қабл дар Душанбе сардори раёсати назорати марзҳои нерӯҳои марзбони Қирғизистон гуфта буд, дар қочоқи маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон, шаҳрвандони ҳарду кишвар даст доранд. Ба гуфтаи Арсени Даткабеков, гурӯҳҳои қочоқчӣ асосан аз гузаргоҳҳои марзӣ истифода намекунанд, балки бештар аз пайраҳаҳои бидуни назорат ва осебпазири марзи миёни ду кишвар маводи сӯхтро мегузаронанд.

Русия дар моҳи майи соли 2010 борои содироти маводи сӯхт ба Тоҷикистон боҷӣ содиротӣ ҷорӣ кард, ки ба дунболи он қимати он дар бозорҳои Тоҷикистон андаке афзоиш пайдо намуд. Аммо дар аввали моҳи апрел, дар пайи якбора 44 дарсад боло рафтани боҷу хироҷе, ки Русия болои содироти маводи нафтиаш ба Тоҷикистон эъмол кард, қимати бензин ҳудуди як баробар назар ба як соли қабл афзоиш ёфт ва қиматҳои бозор низ боло рафтанд.

Дар панҷ моҳи гузашта Маскав ҳаҷми ин боҷро каме пойин овард, вале аз 1-уми сентябр ба муҷарради оғози мавсими ғунучини ҳосил, дигарбора то 399,7 доллар барои содироти ҳар тоннаи бензин онро боло бурд.

Таъминкунандаи асосии бозори маводи сӯхти Тоҷикистон Русия маҳсуб шуда, бино ба оморҳо, то 90 дарсади ин бозорро дар назорат дорад. “Газпромнефт-Тоҷикистон” назорати 42 дарсади ин бозорро дар ихтиёри худ дароварда, дар ҳоли ҳозир бузургтарин воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон дониста мешавад.

Тоҷикистон то аз соли 1994 то соли 2010 бидуни пардохти боҷи содиротӣ аз Русия бензин харидорӣ мекард. Аммо ба дунболи вазидани боди сард дар муносиботи ду кишвар, Русия дар якуним соли пеш, барои бензини содиротии худ ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ ҷорӣ намуд. Эъмоли боҷу хироҷи гумрукӣ боис шуд, ки воридоти маводи нафтӣ ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон 11 дарсад коҳиш биёбад.
XS
SM
MD
LG