Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи сангини муҳоҷирони афғон. Пас аз бозгашт ба ватан


Ҳукумати Афғонистон мехоҳад, ки миллионҳо муҳоҷири афғонро аз Эрону Покистон ба кишвар баргардонад.

Бар пояи тарҳе, ки қарор аст соли оянда дар конфронсе пиромуни масоили Афғонистон дар Токио, пойтахти Ҷопон, баҳсу баррасӣ шавад, барои се миллион афғонҳои муқими мавзеъҳои марзии Эрону
Вазъи ноором ва идомаи ҷанг садҳо ҳазор афғонро маҷбур сохтааст, ки ба манотиқи нисбатан амнтар бикӯчанд ва ё дубора Афғонистонро тарк кунанд...

Покистон имкони бозгашт ба ватан фароҳам хоҳад шуд.

Аммо ба гуфтаи Ҷамоҳир Анурӣ, вазири масоили паноҳандагони Афғонистон, ҳукумат барои иҷрои ин тарҳ ба кӯмаки байнулмилалӣ ниёз дорад. “Миллионҳо афғон дар дигар давлатҳо дар вазъи беҳуқуқӣ ва надоштани дастрасӣ ба сарпаноҳу маводи озуқа ва хадамоти тиббӣ ба сар мебаранд. Беҳтар аст, ки онҳо ба ватанашон баргашта ва аз ин ҳама ҳуқуқ бархӯрдор шаванд”,- мутмаин аст Ҷамоҳир Анурӣ.

Ӯ меафзояд, барои ба ватан баргардонидани афғонҳо ба камияш 1 миллиард доллар зарур аст. Вазири афғон ахиран дар чанд кишвар – Юнон, Италия ва Туркия бо вазъи муҳоҷирини афғон ошно шуд. Ба гуфтаи ӯ, афғонҳои муқими Туркияву Италия ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ нестанд ва аммо вазъи онҳое, ки дар Юнон ба сар мебаранд, хело сангин аст.

“Аз 65 ҳазор афғоне, ки хостори паноҳандагӣ дар Юнон шудаанд, фақат 70 нафар посухи мусбат гирифтаанду халос”,- мегӯяд Ҷамоҳир Анурӣ ва меафзояд, мақомоти ҳукумати Юнон дар мулоқот бо ӯ ваъда доданд, ки барои ҳалли мушкили афғонҳо талош мекунанд.

Дар ҳамин ҳол вазъи бештари афроде, ки аз хориҷа ба Афғонистон баргаштаанд ва ё аз манотиқи ноором фирор кардаанд, сангин боқӣ мемонад. Як сокини овораи вилояти Фарёб дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки “мо 15 хонавода дар ин вилоят муҳоҷир ҳастем. Мушкилоти мо ин аст, ки дар ин дашт ҳавлӣ надорем, сарпаноҳ надорем, шол надорем, зери пой надорем, нон надорем, ҳеҷ чиз надорем.” Ӯ афзуд, ки ҳукумат ба онҳо ахиран як бухорӣ тақдим кардааст ва аммо барои истифодаи он маводи сӯхт надоранд.

Бар пояи иттилои Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, пас аз суқути Толибон дар солҳои 2001 ва 2002 зиёда аз 5 миллион афғонҳо ба ватан баргаштанд. Вале вазъи ноором ва идомаи ҷанг садҳо ҳазор афғонро маҷбур сохтааст, ки ба манотиқи нисбатан амнтар бикӯчанд ва ё дубора Афғонистонро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG