Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии ду тарҳи қатънома оид ба Сурия дар Шӯрои амният


Дар Шӯрои амнияти СММ дирӯз ду тарҳи қатънома оид ба низоъ дар Сурия баррасӣ шуд.

Дар тарҳи аввал, ки аз сӯи Бритониё, Фаронса, Олмон ва Португалия бо пуштибонии Иёлоти Муттаҳида таҳия шудааст, ба эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи раисиҷумҳур Башор Асад дар сурати қатъ накардани амалиёт алайҳи намоишҳои мардуми осоишта ишора шудааст.

Ва аммо дар тарҳи дуввум, ки сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин пешниҳод кардааст, хушунат аз сӯи ҳам ҷонибдорон ва ҳам мухолифини режими Башор Асад маҳкум шуда дар бораи таҳримҳо чизе гуфта нашудааст.

Русияву Чин, ду узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва ҳамчунин Бразилия, Ҳиндустон ва Африқои ҷанубӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи ҳукумати Сурия мухолифанд.

Ба иттилои СММ, аз оғози намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Сурия дар шаш моҳи ахир беш аз 2700 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG