Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Юлия Тимошенко дар додгоҳ суханронӣ мекунад


Имрӯз дар шаҳри Киев марҳалаи ниҳоии мурофиаи додгоҳии Юлия Тимошенко идома мекунад ва қарор аст, ки дар он худи гумонбар - сарвазири пешини Украина суханронӣ кунад. Аз ин пештар ӯ иттиҳомро рад карда гуфта буд, ки парвандааш ангезаи сиёсӣ дорад.

Дирӯз вакилони дифои Юлия Тимошенко дар мурофиа изҳор намуданд, ки дар тафтиши парванда қонуншиканиҳои зиёд рӯх додааст. Онҳо аз додгоҳ хостанд, ки Тимошенкоро сафед кунад, зеро, ба гуфтаи онҳо, дар аъмоли сарвазири собиқ ягон унсури ҷурму ҷиноят ошкор нашудааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ як рӯз пеш аз додгоҳ хоста буд, ки сарвазири пешинро барои сӯиистифода аз мақом ҳангоми имзои созишномаи хариду фурӯши газ бо Русия барои ҳафт сол маҳкум ба зиндон кунад.
XS
SM
MD
LG