Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Марказҳои ҳавошиносӣ мегӯянд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе борон ва раъду барқ дар назар аст, ҳаво аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам ҳаво абрист, борон меборад ва аз 16 то 21 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво соф дар назар аст, ҳарорат аз 18 то 25 дараҷа болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳам ҳаво софу беғубор хоҳад буд. Рӯзона то 21 ва шомгоҳон то 16 дараҷа гарм мешавад.

Дар водии Ҳисор борон меборад, то 22 дараҷа гарм хоҳад шуд, дар водии Рашту Тавилдара ҳаво офтобӣ буда, ҳарорат то 23 дараҷа боло меравад.
XS
SM
MD
LG