Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои побарҷой мондани таҳримҳо алайҳи Ӯзбакистон


Бист созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар аз ИМА даъват карданд, ки таҳримҳо алайҳи атрофиёни раисиҷумҳури Ӯзбакистон ислом Каримовро побарҷой боқӣ монад.

Номаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз ҷумла, аз Amnesty International ва Freedom House унвонии вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон фиристода шуд. Нома вокуниш ба раъйдиҳӣ дар яке аз кумитаҳои Сенати Амрикост, ки аъзои он ахиран лағви таҳримҳо алайҳи мақомоти Ӯзбакистонро пазируфтанд.

Ӯзбакистон яке аз кишварҳои Осиёи Марказист, ки ИМА тавассути қаламрави он ба нерӯҳояш дар Афғонистон молу мавод интиқол медиҳад. Ва аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар Ӯзбакистон чун пештара таъқиби фаъолони мухолифин ва хабарнигорон идома дорад ва озодиҳои мазҳабии мардум маҳдуд карда шудаанд.
XS
SM
MD
LG