Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон шоҳиди калидии парвандаи Лимай кушта шуд


Фатмир Лимай
Фатмир Лимай
Дар Олмон ҷасади шоҳиди калидӣ аз рӯи парвандаи ҷиноии фармондеҳи собиқи ошӯбгарони албанӣ дар Косово Фатмир Лимай ошкор шуд.

Николас Ҳоутон, намояндаи ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Косово хабар дод, ки ҷасади шоҳид Агим Зогайро дар як боғи фароғатии яке аз шаҳрҳои Олмон пайдо карданд. Ӯ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ намуд.

Фатмир Лимай, узви парлумони Косово, ки дар ҷиноёти низомӣ айбдор мешавад, алҳол таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG