Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аризаи Фаластин ба Шӯрои амнияти СММ ироа шуд


Аризаи Фаластин барои дарёфти узвияти Созмони Милали Муттаҳид ба Шӯрои амният ироа шуд. Қарор аст, ки рӯзи 30 сентябр кумитаи вижаи Шӯрои амнияти СММ дар ин мавзӯъ нишасти расмӣ доир кунад.

Бар пояи Ойинномаи СММ, ин ариза бояд аз сӯи ҳама 15 кишвари узви Шӯрои амният пазируфта ва баъдан барои баррасӣ дар ихтиёри Маҷмааи Кулл гузошта шавад. Барои пазируфтани қатънома оид ба узви нави комилҳуқуқи СММ бояд дасти кам аз се ду ҳиссаи ширкатдорони Маҷмааи Кулл раъй диҳанд.

Аз ин пеш ИМА эълом дошт, ки ҳангоми раъйдиҳӣ дар Шӯрои амният аз ҳаққи ветои худ истифода мекунад. Кохи Сафед мегӯяд, ки давлати мустақили Фаластин бояд фақат дар натиҷаи созиши сулҳи Фаластину Исроил ташкил шавад.
XS
SM
MD
LG