Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ дар Қадамис панаҳ бурдааст?


Раҳбари суқуткардаи Либия Муаммар Қаззофӣ дар шаҳри Ғадамис, воқеъ дар ғарби кишвар, панаҳ мебарад.

Дар ин бора ба шабакаи телевизионии CNN як намояндаи Шӯрои милли гузори Либия хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Қаззофӣ зери ҳимояти қабилаи таворуқҳо ё туарегҳо қарор дорад, фарзандонаш Сауфулислом ва Мутассим дар шаҳрҳои Сирт ва Бани Валиданд, ки то ҳол аз сӯи нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ назорат мешаванд.Тайиди ин хабар алҳол номукин аст.

Ба иттилоъи хабаргузории Франс-Пресс, рӯзи чаҳоршанбе низомиёни ҳукумати нави Либия дар Сирт анбори бузурги силоҳро забт карданд.
XS
SM
MD
LG