Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳалгароӣ -- вабои миллат


Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Баҳсе, ки дар ҳошияи матлабе бо номи "Фейсбукиҳо" бо маҳалгароӣ мубориза мебаранд, аз шабакаи Facebook ба торнамои мо кӯчид, имрӯз бо номаи яке аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ ва мубоҳсиони фейсбукӣ Зафар Абдуллоев идома пайдо мекунад.

Салом, бародарон!

Афсӯс формати сомонаи Озодӣ иҷозат намедиҳад, ки матни мусоҳибаи мухбир бо ҳамсӯҳбатҳо пурра чойгир шавад.

Мо бо мухбир қариб 20 дақиқа сӯҳбат кардем. Чандин саволҳоро матраҳ намудем, ин ҷо фақат 4-5 чумла оварданд. Масалан, як фикри ман ин буд ки таърихро аз нав омӯзем ва бикобем, ки маҳалгароӣ дар ҷамъияти мо аз куҷо пайдо шудааст. То замоне ки решаро наёбем, маҷбур хоҳем буд, ки ҳама вақт ҳосили заҳролуд чинем. Ин корро агар ягон мутахассиси таърих ба унвони кори илмӣ мегирифт, хуб мешуд.

Гуфтагӣ будам, ки бояд якчанд лоиҳа дар сатҳи давлатӣ тайёр мекарданд, ки ҷавонони ҳар як минтақаро ба дигар минтақаҳо бурда, бо ҳаёти онҳо шинос кунем, имкон диҳем, ки байни якдигар ошно ёбанд.

Боз фикр дорам, бисёриҳое, ки ин ҷо ҳарф мезананд ё умуман хонандагони Озодӣ ҳастанд (мисли ман, ки низ байни онҳоям) – ҳамагӣ пурра ё қисман маҳалгароем(махалчием).

Мубориза зидди маҳалгароӣ барои даври хозира ва барои мо нест, балки ба хотири насли оянда аст ва танҳо ба ҳамин тарз он маънӣ дорад, мо дигар то муйсафед шуданамон маҳалчӣ мемонем. Ояндаи бачаякҳои 5-10-соларо шояд иваз карда ва аз касалии "вабои миллат" онҳоро эм ё воксин карда тавонем.

Агар идеологияи "маҳалнаҷот"-ро пеш барем (ва албатта, бо ҳамин идоракунии ҳозираи Раҳмон ва ҳукумати он), баъд аз 15-20 соли дигар (бо насли нави супермаҳалгаро) пора-пора мешавем ва аз Тоҷикистон чун як давлати соҳибистиқлоли ягона ба 3-4 порча – музофот ё вилоятҳои давлатҳои абарқудрат ва ҳамсоя (Русия, Хитой, Афғонистон ва Узбакистон) тақсим мешавем ё 10-15 "давлатча»-ҳои ҷаҳон мешавем, ки ба мо "ҷангистону торикистон" "камбағалистону ғуломистон" ном мегузоранд.

Посух ба саволи "Вахон". (Мӯҳтарам коршиносон ва Зафар Абдуллоев! Ман як савол ба Шумо дорам. Фарзанде ки аз волидони гуногун ба дунё меояд,(махсусан помириро дар назар дорам), Оё ӯ кӯдак расму оин ва забони қадимии помириро хифз мекунад? Пешниҳодҳои Шумо аз кадом тараф фоидаовар ва аз кадом тараф зараровар мебошад?)

Саволи ҷиддӣ додед, ака ва шахсан барои ман хеле вазнин аст. Ҳама кор ки дар сатҳи "зиддимаҳалгароӣ" ё "интермаҳаллӣ" роҳ мегирад, осон нест, камбудӣ ва хатарҳоеро, ки рӯи об мебаянд бояд пешбинӣ кард, бояд сари онҳо фикр кард ва баҳсҳо (дебаты) ташкил кардан лозим аст ва ғайра. Агар роҳи ислоҳи ин камбудиҳоро медонистам кайҳо ба Шумою Раҳмон мегуфтам. Барои ислоҳи вазъ маданият ва саводи хуби падару модар хеле муҳим аст, хусусан сатҳи дониши модар.

Шахсан дар оилаи ман писари калониям ба забони ишкошимӣ (забони модарии нани худ) аллакай кам-кам гап мезанад. Махсус бачаҳоро як сол ё як сол пас ба Помиру Норак Хуҷанду Кайраоқум ба таҳсил мебарем, ки лаҳҷаи ин маҳалли ватани хешро ёд гиранду ҳаёти мардуми он минтақа бинанду омӯзанд. Ман орзу мекунам, ки онҳо маҳалчӣ нашаванд. Шояд он гоҳ ҳама дарвозаҳои Тоҷикистону ҷаҳон барои онҳо кушода шаванд.

Саҳифаи "Точикистон ба пеш"-ро ба ин роҳ ефта метавонед, ки аввал бояд дар facebook.com аз қайд гузаред ва сипас ба ин ҷо равед: http://www.facebook.com/groups/183576895039753/ (номаш русӣ аст, лекин ба ҳар гуна забон баҳс карда мумкин аст). Ташаккур!

Зафар Абдуллоев
XS
SM
MD
LG