Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши ҳаҷми буҷаи соли 2012: Воқеият ё таблиғ?


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон. Соли 2010

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон. Соли 2010

Буҷаи соли 2012 бо ҳаҷми беш аз ду миллиард доллар таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон маблағи буҷаи соли оянда аз буҷаи соли равон бо миқдори 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ бештар буда, дар соли оянда ба бахши иҷтимоиёти кишвар
Маблағи бузурге, ки вориди Тоҷикистон мешавад ва ба буҷа таъсири мусбат дорад, ин пули муҳоҷирони корӣ мебошад...

бештар афзалият дода шудааст.

Соҳаи маориф ва тандурустӣ, қишри бознишаста аз бахшҳои осебпазири ҷомеаи кишвар баршумурда мешавад ва баробар ба соҳаи энержӣ ва коммуникатсия (иртиботот) аҳамият дода шудааст.

Вазорати молияи кишвар ҳамчунин хабар медиҳад, ки буҷаи соли оянда дучори касри 180 миллион сомонӣ мебошад ва тарҳи он пас аз муҳокима дар ҳукумат барои баррасӣ ва тасвиб ба порлумон пешинҳод хоҳад шуд. Вакили порлумони Тоҷикистон Исмоил Талбаков мегӯяд, бар асоси тарҳе, ки Кумиссюни вижаи ҳукуматӣ тарҳи буҷаро пешниҳод кардааст аз нисф бештари буҷа ба соҳаи иҷтимоиёт бахшида шудааст.





Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ ва узви Маҷлиси намояндагон
Ӯ гуфт: "Беш аз 50 дарсади буҷаи соли оянда ба соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм бахшида мешавад.ва даромади давлат барои беҳбудӣ ҳамин соҳа равона карда мешавад."

Ба иттилои Вазорати молияи кишвар мувофиқ ба тарҳи буҷаи соли 2012 буҷаи соҳаи маориф дар муқоиса ба соли равон 32 дарсад ва бахши тандурустӣ 42 дарсад, соҳаи илм бошад 20 дарсад бештар будааст.

Аммо иқтисоддони тоҷик Давлати Усмон мегӯяд, тақрибан ҳар сол ҳукумати Тоҷикистон, вақте ки буҷаро қабул мекунад ҳатман аз ин нукта суистифода мекунад. Вай мегӯяд, ин хоси кишварҳои ҷаҳони сеюм аст, ки барои нигоҳ доштани эътибори худ дар ҷомеаҳои фақири худ аз "афзоишҳо" ҳарф мезананд.

Давлати Усмон, вазири собиқи рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон
"Бештар ин афзоишёбиҳо ҳамчун таблиғ ҳамчун кӯшишҳои давлат истифода мешавад, аммо ин ҳеҷ натиҷае надорад. Муфлисшавӣ ин фоизҳоеро, ки мегӯянд зиёд карда мешавад, мехӯрад. Вақте буҷаи як соҳа 15 дарсад афзоиш дода мешавад ва муфлисшавӣ ҳам, ки 15 дарсад аст, чӣ фоида? Ҳеҷ натиҷае дида намешавад",-гуфт оқои Усмон.

Ба қавли ин иқтисоддони тоҷик, ягона маблағи бузурге, ки вориди Тоҷикистон мешавад ва ба буҷа таъсири мусбат дорад, ин пули муҳоҷирони корӣ мебошад, вале он ҳам бинобар адами истеҳсоли дохилӣ барои харидории маводи лозима дубора ба хориҷи кишвар меравад.

Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон дар буҷаи худ мегӯяд, ки бахши иҷтимоии кишвар ба сурати умум афзоиш дода мешавад, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки манобеи ҷамъоварии ин маблағҳо аз кадом сарчашмаҳо мебошад. Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ин суоли аслие аст, ки бояд ҳукумат аз ҳоло рӯшанӣ андозад.

Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳудуди ду миллиард доллари амрикоиро дар бар мегирад ва камбуди буҷаи соли оянда, ки 180 миллион сомонӣ мебошад, аз ҳисоби қарзҳо ва тарҳҳое ҳаст, кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд: "Яке аз қисматҳои умдаи буҷаи Тоҷикистонро қарзҳо ё грантҳои хориҷӣ дар бар мегирад. Агар ин маблағҳои инвеститсиониро ба Тоҷикистон диҳанд, он вақт мешавад гуфт, ки буҷаи соли 2012 дуруст аст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG