Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо бо "азимтарин чолиш" муқобила мекунад


Президенти Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозу бӯҳрони қарзии кунуниро чолиши азимтарин дар таърихи Иттиҳодияи Аврупо унвон кард. Имрӯз зимни суханрониаш дар парлумони Аврупо дар Страсбурги Фаронса Баррозу гуфт, ки имкони бурунрафт аз ин бӯҳрон вуҷуд дошт:


“Мо бо паёмадҳои бади бозбиниҳои ҷаҳонии хатарҳои молӣ муқобила мекунем. Масъулияти мо ин аст, ки дубора эътимод ба евро ва худи иттиҳодияро барқарор кунем. Ин корро мо бо роҳи намоиши тавони тасмимгириамон барои доштани пули умумӣ ва иқтисоди ягона анҷом дода метавонем, ки бо роҳи рақобатпазир, пурмӯҳтаво ва соҳиби захира ба даст меояд”.


Баррозу мегӯяд, ки бидуни ягонагии бештар, таҷзия зиёд хоҳад шуд. Вай ба эҷоди як созиши муштараки бонизоме даъват кард, ки аз ҷумла, барои пардохти қарзҳои ҳамдигар мусоидат кунад ва дар оянда ин ҷараёнро “табиӣ ва муназзам гардонад”.


Баъди суханронии Баррозу, Иттиҳодияи Аврупо бастаеро иборат аз шаш санади қонунгузор қабул кард, ки барои беҳбуди ҳамоҳангии иқтисодӣ ва танзими буҷаи давлатҳои таҳти нуфузи Евро дар назар мегирад.


Бӯҳроне, ки бо сабаби ба қарзи зиёд олуда шудани кишварҳои мисли Юнон боиси заъфи эътидоли пули аврупоӣ Евро шудааст, бесобиқа унвон мешавад.
XS
SM
MD
LG