Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Комиссияи Аврупоӣ Жозе Мануэл Баррозу бар ин назар аст, ки Иттиҳодияи Аврупо бӯҳрони кунуниро пушти сар хоҳад кард.

Ӯ мегӯяд барои рафъи ин бӯҳрон ҳамоиши бештари кишварҳои узв зарур аст.

Дар паёми солонаи раиси ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо, ки дар Страсбург дар назди вакилони мардумии парламенти Аврупо ироа шуд, Баррозу таваҷҷӯҳро ба иқтисод ҷалб кард. Ӯ гуфт: “Агар мо ҳамоишро идома надиҳем, мо бо хатари пора-пора шудан мувоҷеҳ хоҳем шуд. Ин масъалаи иродаи сиёсӣ аст. Бори дигар ба шумо мегӯям, ки мо метавонем аз ин бӯҳрон берун шавем. Он на танҳо имконпазир, балки зарур аст ва раҳбарони сиёсӣ барои иҷрои ин кор ҳар амали лозимаро ба сомон мерасонанд.”

Баррозу бо ишора ба овозаҳо дар бораи ихроҷи Юнон аз минтақаи гардиши евро-пули умумии 16 кишвари аврупоӣ, таъкид кард, ки Юнон дар ин минтақа боқӣ хоҳад монд. Ӯ гуфт, бар пояи як барномаи Комиссияи аврупоӣ дар қаламрави Юнон татбиқи 100 барномаи ҳаётан муҳим мадди назар аст, ки он ба 50 миллиард доллар мусовӣ мебошад.

Баррозу иброз дошт, ки ба хотири ҳифзи иттиҳоди пулӣ ҳамоиши бештари иқтисодӣ ва аз ҷумла ҳамоҳангсозии буҷетҳову низоми андози кишварҳои узви минтақаи гардиши евро зарур аст. Раиси комиссияи аврупоӣ исрор варзид, ки бозори ягона ба ҳамоиши бештар ҳукуматҳо ниёз дорад.

Дар идомаи паёмаш Баррозу пешниҳодҳои зиёде матраҳ намуд, ки дар ҳоли иҷроиш чорчӯби Иттиҳодияро тағйир медиҳанд. Ба гуфти номбурда ҳаққи ветогузории кишварҳо ба қарорҳои Иттиҳодия бояд аз байн бурда шавад: “Роҳи тайшавандаи моро набояд кишвари заифтарин муайян кунад. Имрӯз мо Иттиҳодияе дорем, ки дар он кишварҳои сусттарин суръати ҳаракати тамоми аъзои Иттиҳодияро муқаррар мекунанд.”

Сипас Баррозу дар бораи инқилобҳои кишварҳои Ховари Миёнаву Африқо, ки бо номи "баҳори араб" маъруф мебошанд, ҳарф зада, изҳори умед кард, ки Иттиҳодия бо ҳамсоякишварҳои шарқӣ низ равобити зичтаре раҳандозӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG