Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили Тимошенко аз додгоҳ хост, ки ӯро бегуноҳ эълон кунанд


Вакили дифои нахуствазири пешини Украина аз додгоҳ хост, ки Юлия Тимошенкоро бегуноҳ эълон карда аз боздошт раҳо кунад. Тимошенко барои сӯиистифода аз қудрат дар соли 2009 ба ҳангоми имзои созишномаи газ бо Русия айбдор мешавад. Вакил Юрий Сухов дар нутқи хотимавии худ гуфт, ки муфаттишон натавонистанд иттиҳомоти воридаро нисбати шахси мавриди ҳимояти ӯ собит кунанд ва Тимошенко бояд ба озодӣ барояд. Қазияи Тимошенко, ки аз чеҳраҳои намоёни мухолифини Украина ҳисоб мешавад, аз моҳи июн ба ин сӯ дар додгоҳ буда, худи ӯ аз моҳи август ба ин сӯ дар боздошт ба сар мебарад. Дирӯз айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, ки ӯро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кунанд. Тимошенко, ки ҳама иттиҳомотро рад мекунад, мегӯяд, муҳокимаи ӯ ноодилона буда аз ҷониби рақибони сиёсиаш ташкил шудааст. Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА аз мақомоти Украина даъват карданд, ки аз муҳокимаҳои сиёсӣ даст кашида қазияи Тимошенкоро бекор кунанд.
XS
SM
MD
LG