Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мушакҳои нави дарёиро муаррифӣ кард


Эрон мегӯяд, ки нирӯҳои дарёии кишварашро бо мушакҳои сохти ватании баҳрӣ таъмин кардааст, ки тавони харобкунии киштиҳои ҷангиро доранд. Вазири дифоъ генерал Аҳмад Воҳидӣ мегӯяд, ки шуморе аз мушакҳои навъи “Қодир” дар ихтиёри нирӯҳои дарёии посдорони инқилоб вогузор шуда ҳадафашон таъмини амнияти бандарҳои Эрон мебошад. Воҳидӣ мегӯяд, ки мушакҳои баҳрӣ қодир ба убури 200 километр роҳ буда, инчунин тавони анҷоми парвозҳои начандон баландро ҳам доранд. Ӯ афзуд, ки партоби ин мушакҳо ҳам аз соҳил ва ҳам аз дохили киштӣ имконпазир аст.
XS
SM
MD
LG