Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши СММ ояндаи Афғонистонро хеле пурхатар арзёбӣ мекунад


Як гузориши СММ ҳокист, ки Афғонистон дар рӯбарӯи таҳаввулоти қобили мулоҳизаи сиёсӣ ва мавҷи афзояндаи бебандубориҳои амниятӣ қарор дорад. Гузорише ба унвонии дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун мегӯяд, ки дар муқоиса бо 8 моҳи аввали соли гузашта то охири моҳи августи имсол ба ҳисоби миёна моҳе хушунатҳои Афғонистон 40 % афзоиш ёфтааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки манотиқи ҷануб ва ҷанубуғарби Афғонистон, ки ҳаммарз бо Покистон мебошанд, ҳамоно дар меҳвари таваҷҷӯҳи ҷангиён қарор дорад ва аз се ду ҳиссаи ҳодисаҳои хушунатзо дар ҳамин манотиқ рух медиҳанд. Инчунин гузориш мегӯяд, манотиқе, ки аз назорати нирӯҳои байналмилалӣ ба ихтиёри нирӯҳои миллии Афғонистон гузаштаанд, бештар ҳадафи шӯришиён қарор мегиранд ва гурӯҳҳои ошӯбгар талош мекунанд вазъи амниятиро ба ҳам зананд.
XS
SM
MD
LG