Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми мухолифони ҳукумати салтанатии Баҳрайн бетағйир монд


Як додгоҳи вижаи амниятии Баҳрайн ҳукми 21 фаъоли намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматиро бетағйир гузошт. Бар тибқи иттилои расмӣ, дар миёни маҳкумшудагон ҳашт сиёсатмадори шиамазҳаб низ ҳастанд, ки барои кӯшиши сарнагун кардани ҳукумати суннимазҳаби салтанатии Баҳрайн барои абад равонаи зиндон шуданд. 13 маҳкумшудаи дигар, аз ҷумла раҳбари гурӯҳи мухолифини суннимазҳаб Иброҳим Шариф ба мӯҳлати аз ду то 15 соли зиндон маҳкум шуданд. Гурӯҳҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ҳукми ин гурӯҳро, ки ҳанӯз моҳи июн содир шудааст, маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG