Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зебарӣ тарафдори дар Ироқ мондани нирӯҳои тамринии амрикоӣ мебошад


Вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зебарӣ гуфт, ки бовар дорад Бағдод бо ИМА ба тавофуқе даст меёбад, ки имкони ҳифзи як миқдор нирӯҳои амрикоиро дар ин кишвар бо ҳадафи тамрини низомиёни ироқӣ фароҳам меорад. Бар тибқи созиши миёни ду кишвар, қарор аст то охири соли ҷорӣ нирӯҳои амрикоӣ пурра хоки Ироқро тарк кунанд, вале баъзе мақомоти ироқӣ мегӯянд, ки беҳтар буд миқдоре аз нирӯҳои амрикоӣ ба хотири тамрини ҳамтоёни ироқиашон дар хоки ин кишвар боқӣ монанд. Зебарӣ дар як мусоҳибааш дар Ню-Йорк гуфтааст, ки умедвор аст музокироти ироқиҳову амрикоиҳо дар ин замина моҳи октябр идома хоҳад кард. Зебарӣ нахост роҷеъ ба шумори гурӯҳҳои тамринии амрикоӣ сӯҳбат кунад. Дар гузашта маъмурияти Обама гуфтааст, ки имкони дар Ироқ нигоҳ доштани се то панҷ ҳазор нафар низомиёни амрикоӣ дар чаҳорчӯби барномаи тамринӣ вуҷуд дорад. Зебарӣ, ки мегӯяд, бо чунин пешниҳод аксар раҳбарони сиёсии кишвар розӣ ҳастанд, ба бетаҷрибагии низомии нирӯҳои ироқӣ дар таъмини амнияти маконҳои нафтиву ҳавонавардаии кишвар таъкид мекунад.
XS
SM
MD
LG