Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Фаронса аз хатари ҳамлаи низомӣ болои Эрон лаб кушод


Сафири Фаронса дар СММ таҳдид кард, ки дар сурати идомаи барномаҳои ҳастаии Эрон ин кишвар метавонад бо ҳамлаҳои низомӣ рӯбарӯ шавад. Жерар Аруд зимни суханрониаш дар як ҷаласаи СММ дар Ню-Йорк ба саволи ин ки дар сурати ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ наздик шудани Эрон, чӣ хоҳад шуд, гуфт: “Бовар дорам, баъзе кишварҳо инро қабул нахоҳанд кард”. Вай афзуд: “Агар мо ба музокира бо эрониҳо даст наёбем, хатари зиёди шурӯи амалиёти низомӣ вуҷуд дорад”. Ғарб ҳарос дорад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст меёбад. Шӯрои амнияти СММ чаҳор дафъа Теҳронро барои адами хатми ғанисозии ураниум таҳрим кардааст, ҳарчанд худи Эрон пофишорӣ дорад, ки танҳо бо ҳадафҳои сулҳомез мехоҳанд барномаи атомиашро пиёда кунад.
XS
SM
MD
LG