Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷа ӯҳдадории Покистонро дар муқобила бо шӯришиён таъкид кард


Вазири умури хориҷаи Покистон Ҳино Раббонӣ Кҳар гуфт, ки кишвараш ӯҳдадор аст, ки барои дастёбии Афғонистони ҳамсоя ба сулҳ мусоидат кунад ва ба ИМА ва Афғонистон барои расидан ба ҳадафашон дасти ёрӣ дароз кунад. Изҳороти вазири хориҷаи Покистон аз минбари маҷмаи кулли СММ дар шароите садо дод, ки мақомоти ИМА хадамоти ҷосусии Покистонро барои доштани иртибот бо шабакаи Ҳаққонии муттаҳам ба ҳамла болои сафоратхонаи Амрико дар Кобул рӯзи 13 сентябр айбдор кардаанд. Покистон ингуна иттиҳомотро пайваста рад кардааст. Хонум Кҳар гуфт:

“Талош барои ҳамкорӣ дар мувофиқати комил бо мардуми Афғонистон танҳо роҳи таъмини сулҳ, эътидол ва шукуфоии минтақа буда метавонад. Покистон хостори ин аст, ки дар шароити муборизаҳои бисёр муҳим бо беҳтарин роҳ масъулияти азими худро дар баробари шарикони байналмилалӣ, бахусус ҳукуматҳои Афғонистон ва ИМА ба иҷро расонад”.

Кҳар батакрор гуфт, ки Покистон ҳамлаҳои ахири ҷангиёнро дар Афғонистон маҳкум мекунад ва дар мубориза бо терроризм ва ошӯбгарон азми қотеъ дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG