Пайвандҳои дастрасӣ

Ду бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 шоми 27-уми сентябр бо натиҷаи мусовӣ поён ёфт.

Бозии ду дастаи шаҳри Душанбе – ССКА “Помир” ва “Энергетик”дар варзишгоҳи “Политехникум” - и пойтахти кишвар бо ҳисоби 0:0 ба охир расид.

Бозии дигари чаҳорякниҳоӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа миёни дастаи мизбон - “Вахш” ва “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:1 анҷом пазируфт. Голҳоро Пирмурод Бурҳонов (“Хайр”) ва Тоҳир Зоиров (“Вахш”) ба самар расонданд.

Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоӣ 30-юми сентябр баргузор мешаванд.

Ғолиби ҷуфти ССКА “Помир” / “Энергетик” бо «Истиқлол»-и Душанбе ва ғолиби ҷуфти “Вахш” / “Хайр” бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рӯзҳои 3-юм ва 6-уми октябр рақобат хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG