Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танишҳо миёни ИМА ва Покистон заминасози як ҷанги нав дар минтақа


Шуморе аз коршиносон мегӯянд, танишҳои тоза миёни ИМА ва Покистон метавонад заминасози як ҷанги тоза дар минтақа бошад.

Амрико ҳукумати Покистон ва ба хусус идораи истихборотии он кишварро ба ҳимоят аз шабакаи Ҳаққонӣ муттаҳам мекунад ва мубориза алайҳи террористонро дар Покистон нокофӣ медонад.

Бархе коршиносон, ки ба таври муназзам инкишофот дар равобит миёни ИМА ва Покистонро дунбол мекунад, аз авзоъи ҷорӣ дар минтақа таҳлилҳо ва бардоштҳои мухталиф ироа менамоянд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба гузоришҳо, давлатмардони Покистон дар сатҳи миллӣ ва минтақаӣ, баҳсҳои ҷиддиро дар мавриди муқобила бо ҳамлаи эҳтимолии Амрико ба Покистон оғоз кардаанд.

То ҳол рӯшан нест, ки ИМА ба ҳадафи саркӯб кардани шабакаи "Ҳаққонӣ" дар Покистон, дар баробари ворид кардани фишорҳо, иҷрои амалиёти низомиро дар он кишвар зарурӣ медонад ё на, аммо бархе аз таҳлилгарони ба ин боваранд, ки шояд чунин чизе воқеъ шавад.

Дар гузашта ҳам равобити Амрико ва Покистон фароз ва нишебҳое доштааст, аммо ба гуфтаи огоҳони умур, таниш дар равобити ин ду кишвар дар ин рӯзҳо дар тӯли таърих бесобиқа буда вориди ҳассостарин марҳилаи худ гардидааст.

Аҳмад Саидӣ, дипломати пешини афғон дар Исломобод, ки воқеаҳо дар
Аҳмад Саидӣ, коршиноси афғон
минтақа, бахусус дар Покистонро дунбол мекунад, бовар дорад, ки агар мақомҳои Покистон дархостҳои мукаррари ИМА-ро ба хотири аз байн бурдани лонаҳои террористон дар қаламрави Покистон нодида бигиранд, ин кор метавонад роҳро барои ҳамлаи эҳтимолии Амрико бар Покистон ҳамвор созад: «Ҳодисае, ки дар чаҳорроҳии Абдулҳаққи Кобул шуд, рокетҳои мухолифин ба сафорати Амрико бархӯрд. Назар ба қонуни байналмилалӣ сафорат ҳарими кишвар аст. Биноан амрикоиҳо маҷбуранд, ки аз ҳарими худ дифоъ кунанд. Дуввум, Барак Обама интихоботи раёсати ҷумҳурии пешрӯ дорад, бидуни шакк тавонист, ки Усома бин Лодинро аз байн бибарад, вале агар лонаҳои терроризм дар Покистон монанди гурӯҳҳои «Ҳаққонӣ», «Лашкари Таййиба», «Сипоҳи Саҳоба», «Ҳаракати Муҷоҳиддин» ва амсоли онҳо мавҷуд бошад ва Барак Обама ва ҳукумати Амрико дастоварди дигареро ба даст наоранд, мушкил аст, ки оқои Обама дар интихобот баранда шавад.»

Дар атрофи ҳамлаи эҳтимолии қувваҳои Амрико бар Покистон, рӯзи душанбе дар нишасти мақомҳои аршади амниятии Покистон, Чин ва Арабистони Саудӣ низ сӯҳбатҳо шудааст.

Ҳарчанд ба гуфтаи Раҳмон Малик, вазири умури дохилии Покистон, Чин ба онҳо итминон додааст, ки якҷо бо Покистон дар баробари фишорҳои Амрико меистад, аммо Аҳмад Саидӣ талошҳои давлатмардони Покистонро ҷиҳати ҷалби ҳимояи Чин ва дигар кишварҳо ба манзури беасар сохтани фишорҳои Амрико бар Покистон бенатиҷа ва ноком пешбинӣ мекунад.

Вай афзуд: «Аз муддати як моҳ ба ин тараф Покистон кӯшиш мекард, ки алайҳи сиёсатҳои Амрико дар минтақа блок бисозад. Афғонистон
Вазири умури дохилии Покистон бо вазири амнияти Чин, 26 сентябри 2011
шомили ин блок нашуд ва Эрон ҳам дар ҳоли ҳозир бо мушкилоти иқтисодие, ки дар минтақа дорад ва ҳамчунон мушкилотеро, ки дар соҳа бо Ироқ дорад, тавонмандии инро надорад то дар ин раванд Покистонро кӯмак кунад. Чин ҳам бо дар назардошти рушди иқтисодӣ, ки дар минтақа дорад, ҳозир нест худро дар як ҷанги тамом айёр шомил кунад.»

Аммо дастаи дигаре аз коршиносон ба ин ақидаанд, ки шояд Амрико дар ивази иқдомоти низомӣ алайҳи Покистон, аз роҳҳои дигар аз ҷумла вазъи таҳримҳои иқтисодӣ бар ин кишвар кор бигирад, то Покистон маҷбур шавад аз ин пас ба террористон паноҳ надиҳад ва ранҷу мусибатҳои навро барои амрикоиҳо ва муттаҳидони ин кишвар ба шумули Афғонистон ба армуғон наёварад.
XS
SM
MD
LG