Пайвандҳои дастрасӣ

Брюссел аз таъқиби додгоҳии Тимошенко нигарон аст


Дар арафаи нишасти “Ҳамкориҳои шарқӣ”, ки бо ширкати раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Украина дар Варшава баргузор мешавад, Брюссел бори дигар аз таъқиби додгоҳии раҳбари мухолифин ва нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко изҳори нигаронӣ кард.

Ин мурофиа дирӯз дар нишасти Парлумони Аврупо дар Страсбург бо ширкати раиси бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Авррупо Кэтрин Эштон баррасӣ шуд.

Рӯзи сешанбе айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, ки Юлия Тимошенкоро барои сӯиистифода аз мақом ҳангоми имзои созиши хариду фурӯши газ бо Русия барои ҳафт сол аз озодӣ маҳрум созад.

Юлия Тимошенко мегӯяд, ки парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Шоми дирӯз дар Киев миёни ҷонибдорони Тимошенко ва кормандони полис задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Қарор аст, ки мурофиаи додгоҳӣ имрӯз идома кунад.
XS
SM
MD
LG