Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Клинтон аз тасмими идомаи шаҳраксозии Исроил


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, аз тасмими Исроил барои бунёди манзилҳои нав дар Байтулмуқаддаси шарқӣ интиқод кард. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба эҳёи музокироти сулҳ миёни Исроил ва Фаластин, ки ИМА хостори он шудааст, мусоидат нахоҳад кард.

Аз тасмими Исроил барои бунёди ҳазору сад манзили нав дар Байтулмуқаддаси шарқӣ раҳбари бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ҳам интиқод кардааст.

Қатъи бунёди хонаҳои нав дар қаламрави ишғолӣ - яке аз шартҳои асосии бозгашти Фаластин ба гуфтугӯи мустақим бо Исроил маҳсуб мешавад.

Ҳафтаи гузашта раҳбари Идораи худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ба СММ дар бораи эътирофи истиқлоли Фаластин бо пойтахт дар Байтулмуқаддаси шарқӣ ариза ироа кард.
XS
SM
MD
LG