Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Бонки Миллии Эрон ба истеъфо рафт


Маҳмуд Ризо Ховарӣ

Маҳмуд Ризо Ховарӣ

Раиси Бонки Миллии Эрон Маҳмуд Ризо Ховарӣ ба думболи моҷарои сирқати маблағи бузург аз буҷаи кишвар ба истеъфо рафт. Муҳаммад Ҷаҳромӣ, раиси бонки Содирот бошад, аз мақом барканор шуд.

Ба иттилоъи хабаргузории ИРНА, масъулини ин бонкҳо дар яғмои маблағи муодили тақрибан се миллиард доллари амрикоӣ гумонбар мешавад. Ин бузургтарин сирқати маблағ дар таърихи Эрон аст. Дар чаҳорчӯби пажуҳиши ин парванда 22 нафар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG