Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Санаи интихоботи парлумонӣ дар Миср эълон шуд


Мақомоти низомии Миср дар бораи баргузории интихоботи парлумонӣ иттилои расмӣ нашр карданд. Ин маъракаи сиёсӣ бори аввал баъди аз мақом барканор шудани раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак доир хоҳад шуд.

Телевизиони давлатии Миср хабар дод, ки интихобот ба палатаи поёнии парлумон рӯзи 28 ноябри соли равон ва ба палатаи болоӣ – 29 январи соли оянда баргузор мешавад. Интизор меравад, ки вакилон моҳи марти соли 2012 дар нахустин иҷлосияи парлумони нав ҷамъ биёянд.

Қарор аст Шӯрои олии низомии Миср, ки баъди суқути раисиҷумҳур Муборак раёсати кишварро бар дӯш дорад, то интихоби президенти нав сари қудрат боқӣ бимонад. Санаи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Миср ҳанӯз маълум нест.
XS
SM
MD
LG