Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ҳукуматии Сурия вориди Аллепо шуданд


Нерӯҳои ҳукуматии Сурия дар шаҳри Алеппо, воқеъ дар шимоли кишвар, амалиёт доир намуданд.

Ба гуфтаи фаъолони мухолифи ҳукумат, тонкҳо ба яке аз маҳаллаҳои канори шаҳр ворид шудаанд. Аз ин пештар низомиён бо ҳимояти тонкҳову чархболҳо ба шаҳри Ал-Ростон даромаданд, ки аз он ҷо шоҳроҳи асосии миёни Сурияву Туркия мегузарад.

Хабар дода мешавад, ки дар баъзе мавзеъҳо мухолифин ва низомиёни ба онҳо гаравида бо нерӯҳои ҳукуматӣ вориди бархӯрд шудаанд. Дар шаҳри Ҳомс як танки нерӯҳои ҳукуматӣ аз байн бурда шуд.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад дар Сурия ним сол боз идома доранд. Бар асари саркӯбсозии ин намоишҳо беш аз 2500 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳукумати Димишқ дар ташкили бенизомиҳо нерӯҳои берунаро айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG