Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири Узбакистон: “Нерӯгоҳҳо бо худ хатар меоранд”


Вазири умури хориҷии Узбакистон Элёр Ғаниев

Вазири умури хориҷии Узбакистон Элёр Ғаниев

Вазири умури хориҷии Узбакистон хушунат ва нерӯгоҳҳои бузургро монеаҳои рушди Осиёи Марказӣ номид.

Элёр Ғаниев дар паёмаш ба Маҷмаи умумии Созмони Милал бори дигар ба мухолифати кишвараш ба бунёди нерӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ таъкид кард.

Вай гуфт: “Рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ зери таъсири фоҷиаи зистмуҳитии Баҳри Арал аст, ки амалан дар давраи ҳаёти як насл аз зеботарин баҳр ба як кӯли дар ҳоли хушкидан ва маҳв шудан табдил ёфт.”

Ҷаноби Ғаниев аз сафари Дабири кулли Созмони Милал соли гузашта ба ин минтақа ёдовар шуд ва гуфт, пайомадҳои фоҷиаро худи ҷаноби Бан Ки-мун дидаву ба ин хулоса мутақоид шудааст.

Сипас ӯ афзуд: “Дар чунин шароит талошҳои бунёди иншооти азими обу энержӣ дар болооби рӯдҳои Омӯ ва Сир натиҷаи баръакс дода, хатарнок аст. Онҳо ба амнияти ҷамъият ҳам аз лиҳози зистмуҳитӣ ва ҳам аз лиҳози хатарҳои “антропогенӣ” ва ҳифзи ҳаҷми маҷрои об таҳдид мекунанд.”

Вазири умури хориҷии Узбакистон бо ишора ба меъёру қатъномаҳои байнулмилалӣ гуфт, кишварҳои болооб ҳангоми бунёди чунин иншоот бояд манфиатҳои ҳамаи кишварҳои поёнобро дар назар дошта бошанд.

Ҷаноби Ғаниев афзуд: “Мо ҳаққи кишварҳои болообро ба рушди бахши энержии обӣ нодида намегирем. Вале аз нигоҳи мо, судмандтар ва амнтар мебуд, агар барои тавлиди ҳамон миқдор энержӣ силсилаи нерӯгоҳҳои хурд бунёд шавад.”

Раҳбари равобити берунаи Узбакистон ин масъаларо пас аз зӯроварӣ ва хушунат алайҳи узбактаборон дар Қирғизистон ва эҳтимоли ташаннуҷи бештари авзоъ дар Афғонистон савумин омили нигаронии ҳукумати худ номид. Аммо гуфт, кишвараш омодааст, ба хотири ҳифзи сулҳу амнияти минтақа “механизмҳои чандгонаи посух ба авзои фавқулодаро” пуштибонӣ кунад.

Изҳороти Вазири умури хориҷии Узбакистон дар робита ба масъалаҳои обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳоле садо дод, ки Бонки Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон хостааст, маъракаи бастани маҷрои оби Вахшро барои обанбори Роғун ба таъхир гузорад. Ҳайати коршиносони ин бонк қарор аст, натиҷаи таҳқиқи пайомадҳои зистмуҳитӣ ва иҷтимии бунёди нерӯгоҳро то тобистони соли оянда эълом хоҳад дошт.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ низ аз минбари Маҷмаи умумии СММ бештар рӯи баҳси тақсими об дар минтақа тамаркуз карда буд. Вай фоҷиаи Аралро натиҷаи “бетафовутӣ дар истифодаи дурусту оқилонаи захираҳои табиӣ” номида, бунёди обанборҳои бузург дар кишварҳои поёнобро низ яке аз сабабҳои фалокати ӯистмуҳитӣ номид. Ҷаноби Зарифӣ афзуд, ки ҳукумати Тоҷикистон хостори санҷиши пурраи низоми истифодаи об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти сарпарастии СММ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG